Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои имрӯзи Тоҷикистон: гоҳ офтобу гоҳ борон


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу офтобӣ хоҳад шуд, аз 11 то 18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дар нимаи дуввуми рӯз ҳавои абриву боронӣ дар назар аст, ҳарорат аз 17 то 19 дараҷаи болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон,кам-кам борон меборад, аз 19 то 23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшони кӯҳистон, дар нимаи аввали рӯз барф ва дар баъд аз зӯҳр борон меборад. Аз 4 то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ баъд аз зӯҳр офтобӣ хоҳад шуд ва аммо шом каму беш борон меборад. Ҳарорати ҳаво то 19 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG