Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҲШ дар қаламрави Чин машқҳои низомӣ баргузор мекунад


Хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ додааст, ки дар 6-ӯми май дар қаламрави Чин машқҳои низомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой баргузор мешавад. Дар он кишварҳои узв Чин, Қазоқистон, Кирғизистон, Тоҷикистону Русия ва Узбакистон ширкат хоҳанд кард. Марҳалаи аввали ин машқҳо дар қаламраи Қазоқистон дар Алмаато ва дар вилояти Уйғури Чин соли 2006 зери номи “Тиён шон” баргузор шуда буд. 6-ӯми май ширкаткунандагон роҳҳои мубориза бо терроризми фаромарзӣ, ҷудоиталабӣ ва тундгароиро машқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG