Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон мардумро ба захираи бештари гандум даъват кард


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни боздиди худ аз вилояти Суғд аз мардум даъват кард, ки барои худ маводи бештари ғизоӣ захира кунанд. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст. Раиси ҷумҳур дар ин замина бештар захираи гандумро дар назар дорад. Имрӯз оқои Раҳмон дар идомаи боздид аз вилояти Суғд ба ноҳияи Зафаробод рафт ва аз корхонаи нассоҷиву боғи бузурге дар ин ноҳия, ки масоҳаташ 100 ҳекторро ташкил медиҳад, дидан кард.
XS
SM
MD
LG