Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Арабистон раводидро барои ду гурӯҳ шаҳрвандон бекор мекунанд


СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН ВА ФАЙСАЛ ИБНИ ФАРҲОН
СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН ВА ФАЙСАЛ ИБНИ ФАРҲОН

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ низоми раводид (виза) барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматиро бекор карданианд. Санади ба ин мазмунро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои саудиаш Файсал ибни Фарҳон 27-уми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк имзо кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ду тараф дар бораи масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва обу иқлим гап задаанд.

Ҷузъиёти санаде, ки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ имзо карданд, маълум нест. Аммо ин санад ёддошти тафоҳум аст ва барои бекор шудани низоми раводид барои дипломатҳо ва дорандагони шиносномаи хизматӣ бояд созишномаи ниҳоӣ тасвиб шавад.

Сокинони Тоҷикистон асосан барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд.

XS
SM
MD
LG