Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Дума хост, дар хоки Русия бомбаи атомӣ тарконида шавад

Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин бомбаи атомии худро рӯзи 29 августи соли 1949 дар озмоишгоҳи Семипалатински Қазоқистон тарконидааст. Он нусхаи бомбаест, ки дар Нагасаки партофта шуд ва вазнаш тақрибан 20 килотонна буд.

Як вакили Думаи давлатии Русия пешниҳод намуд, ки дар қаламрави Русия бомбаи атомӣ тарконида шавад.

Вакили Дума хост, дар хоки Русия бомбаи атомӣ тарконида шавад

Як вакили Думаи давлатии Русия пешниҳод намуд, ки дар қаламрави Русия бомбаи атомӣ тарконида шавад. Андрей Колесник, узви Думаи давлатӣ аз ҳизби «Русияи воҳид» гуфт, ки чунин кор барои он зарур аст, ки ҷаҳон аз хатари чунин таркиш ёдовар шавад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Осуда набояд шуд. Дар ягон ҷо таркиши ҳастаӣ кардан лозим, дар ягон майдони озмоишӣ. Дар кишвари мо ҳоло барпо кардани озмоишҳои ҳастаӣ манъ аст, вале шояд мардум бояд дар бораи он ки натиҷаи он чӣ мешавад, бидонанду бишунаванд. Агар ин мораторий бардошта шавад, шояд инсоният ба андеша фурӯ меравад”. Колесник ин назарашро дар сӯҳбат бо сомонаи хабарии “Лента.ру” баён кард, ки онро баъдан бахши русии нашрияи The Moscow Times чоп кард.

Миёнаҳои моҳи август хабаргузории таблиғотии русии "РИА Новости" бо такя ба манбаи ношиносе навишт, ки гӯё Украина барои ҳамла ба истгоҳҳои ҳастаӣ дар Курчатов ва Энергодар омодагӣ мебинад. Инро баъдан бархе расонаву мақомоти дигари рус ҳам такрор карданд. Украина дар ҷавоб Русияро ба паҳн кардани хабарҳои дурӯғин муттаҳам намуд.

XS
SM
MD
LG