Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷаи Амрико ва Бритониё ба Украина рафтанд


Дэвид Лемми ва Энтони Блинкен
Дэвид Лемми ва Энтони Блинкен

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико ҳамроҳ бо ҳамтои бритониёиаш Дэвид Лемми ба Киев рафтанд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ҳадаф аз ин сафар нишон додани дастгирии ин кишвар аз Украина  мебошад.

Блинкен ва Лемми рӯзи 11-уми сентябр тариқи қатор аз Ҳоланд ба Украина расиданд.

Котиби давлатии Амрико 10-уми сентябр дар шаҳри Лондон ба хабарнигорон гуфт, дар миёнаи ҷанги сахти тирамоҳӣ ин лаҳзаҳо барои Киев муҳим аст.

Чанд моҳ аст, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз кишварҳои ғарбӣ даъват дорад, маҳдудиятҳо барои истифодаи силоҳҳои худро бардоранд. Киев мехоҳад бо силоҳҳои гирифтааш аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла мушак ба дохили Русия зарба занад. Аммо бархе кишварҳои Аврупо ва ИМА барои бадтар нашудани вазъ ба ин талаби Киев розигӣ надоданд.

Президенти ИМА Ҷо Байден 10-уми сентябр хабар дод, ки Кохи Сафед роҳҳои лағви маҳдудиятҳо барои Украинаро баррасӣ дорад. Аммо Байден дар ин бора ҷузъиёте надод.

XS
SM
MD
LG