Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Тотористон ба ширкатдорони ҷанги Украина "биҳишт" ваъда кард


Камил Самигуллин
Камил Самигуллин

Муфтии Тотористон Камил Самигуллин гуфтааст, шахсоне, ки дар шароити муайян дар ҷанги зидди Украина кушта мешаванд, “шаҳид ва биҳиштӣ” хоҳанд шуд.

"Вақте сарбоз диндор асту хона, оила ва ватани худро ҳимоят мекунад, Худованд ӯро ҳамчун шаҳид қабул хоҳад кард," - иқтибос овардааст нашрияи “Бизнес Online” аз суханҳои муфтии Тотористон.

Самигуллин ҷанги низомиёни Русия зидди Украинаро "одилона" номида, афзудааст, ки сарбозони рус бо ин ҷанг ба Фаластин ҳам кумак мекунанд.

"Зеро Амрико ба хотири кумак ба Украина, ба Исроил пули камтар харҷ мекунад", - изҳор доштааст ӯ.

Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард ва ин ҷанг боиси кушта шудани садҳо кас ва гуреза шудани миллионҳо нафар гардид.

XS
SM
MD
LG