Ин эътироз унвони "Шабро ба худ бармегардонем"-ро дошт ва дар пайи таҷовуз ва қатли пизишки 31-сола дар беморхонае дар Калкута роҳандозӣ шуд.
Қатли зани 31-сола рӯзи 9-уми август рух дод. Баъди навбатдории 36-соата вай дар утоқе дар беморхона хоб рафт. Рӯзи баъд ҳамкоронаш ҷасади нимаурёни ӯро бо захмҳои зиёде пайдо карданд. Дертар бо гумони куштор як дастёри беморхона боздошт шуд.
Занон дар Ҳинд бо шиор ва парчамҳо ба эътироз баромаданд ва адолат талаб карданд.
"Гап дар бораи танҳо як шаб намеравад. Ҳар шаб занон бояд озодӣ ва имкони ба кӯча баромаданро дошта бошанд. Волидон набояд дар ташвиш бошанд, ки шаб шуду оё фарзанди онҳо солиму беосеб ба хона меояд ё на", - гуфт яке аз эътирозгарон.