Радиои "Kan" аз қавли низомиёни исроилӣ хабар дод, ки бурунрафти нерӯҳо аз Ғазза ба фишорҳои сиёсӣ, аз ҷумла аз ҷониби Амрико рабт надорад.
"Haaretz" аз қавли сухангӯи артиши Исроил навишт, ки дивизияи 98-ум дар натиҷаи задухӯрдҳо дар шаҳри Хон Юнус воҳидҳои гуруҳи "Ҳамос"*-ро шикаст дод ва ҳузури минбаъдаи он дар Ғазза дигар маъно надорад.
Низомиёни Исроил гуфтаанд, баъд аз бурунрафти нерӯҳо аз Хон Юнус фаластиниён метавонанд аз Рафаҳ ба шаҳр баргарданд.
Ҷангҷӯёни "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамла ба баъзе аз шаҳрҳои Исроил ҳудуди 1200 нафарро кушта ва 250 нафари дигарро гаравгон гирифтанд.
Бино ба гузоришҳо, 130 нафар аз ин гаравгонҳо то ҳол дар дасти нерӯҳои “Ҳамос” мондаанд. Шумораи зиёди одамон дар Исроил рӯзи 30-юми март ба хиёбонҳо баромада, хоҳони раҳоии гаравгонони ин кишвар шуданд.
Вазорати тандурустии Навори Ғазза мегӯяд, дар тақрибан шаш моҳи охир беш аз 32 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.
*Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо Ҳамосро як созмони террористӣ медонанд