Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи тазоҳурот дар маркази Бишкек дубора тамдид шуд


Бишкек, аз моҳи марти соли 2017
Бишкек, аз моҳи марти соли 2017

Додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек манъи баргузории ҷамъомадҳои осоиштаро дар ҳудуди маркази шаҳр дубора дароз кард.

Хадамоти матбуотии додгоҳ иттилоъ дод, ки тасмим 29-уми март бо дархости шаҳрдории пойтахти Қирғизистон гирифта шуд.

Ба ин тартиб, дар майдони "Ала-Тоо", назди биноҳои порлумон, маъмурияти президент, Додгоҳи олӣ, сафорати Русия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, боғҳои ба номи Панфилов ва Турсунбоеваи Бишкек баргузории ҷамъомадҳои осоишта аз 1-уми апрел то 30 июни имсол манъ хоҳад буд.

Баргузории ҳамаи ҷамъомадҳои осоишта ба монанди пеш дар боғи ба номи Горкий иҷозат аст.

Додгоҳи Якуми май бори аввал аз қарори маҳдудияти баргузории ҷамъомадҳои осоишта дар маркази Бишкек моҳи марти соли 2022 ҷонибдорӣ кард. Ин қарор то кунун чанд бор тамдид шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони мадании Қирғизистон қарорро ғайриқонунӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG