Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Амрико қонуни муҳоҷирати Техасро барқарор кард


Сарҳади Амрико ва Мексика
Сарҳади Амрико ва Мексика

Додгоҳи олии Амрико гуфтааст, қонуни Техас дар бораи мубориза ба зидди убури ғайриқонунии марзи Амрико ва Мексика дубора мавриди иҷро қарор гирад.

Хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки пешниҳоди маъмурияти президент Ҷо Байден дар бораи манъи ин қонун рад шуд.

Шаш додраси муҳофизакори Додгоҳи олии Амрико аз тасмими мазкур ҷонибдорӣ карда, се додраси либерал зид баромадаанд. Ба гуфтаи либералҳо, тасмим хилофи сиёсати муҳоҷирати Амрико мебошад.

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида дар моҳи январи имсол аз Додгоҳи олии ин кишвар хоста буд, ки пешниҳоди дубора ба иҷро даромадани қонуни Техасро рад кунад. Зеро ба иддаои вазорат, он хилофи муқаррароти Конститутсия ва қонунгузории федеролии муҳоҷирати Амрико аст.

Қонуни Техас убури ғайриқонунии марз ва воридшавии такрории ғайриқонунӣ ба ин аёлатро ҷиноят шумурда, барои он аз 180 рӯз то 20 сол зиндон пешбинӣ кардааст.

Мақомоти Техас ин қонунро барои пешгирӣ аз убури ғайриқонунии марз қабул карда буданд.

XS
SM
MD
LG