Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба додрасҳо як сол муҳлат дод, то забон омӯзанд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон "барои омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ" ба додрасҳо ва хизматчиёни давлатӣ як сол муҳлат додааст. Дастури Эмомалӣ Раҳмон 12-уми феврал зимни дидораш бо додрасҳои навтаиншуда садо дод.

Дафтари матбуоти президент навиштааст, "дар сурати иҷро нашудани ин талабот нисбаташон чораҳои зарурӣ амалӣ карда" мешавад.

Аммо гуфта нашудааст, ки агар мансабдорон забонҳои хориҷиро азхуд накунанд, нисбаташон чӣ чора андешида мешавад.

Донистани забонҳои хориҷӣ барои мансабдорони тоҷик то ин вақт ҳатмӣ набуд, ҳарчанд мақомот мегуфтанд, донистани забони хориҷӣ як афзалият барои қабул ба кор аст.

Ҳоло маълум нест, ки мақомот бо кадом шева мехоҳанд ба мансабдорон давоми як сол забонҳои хориҷиро омӯзонанд.

XS
SM
MD
LG