Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Украина 10 дрони Русияро сарнагун кардаанд


Харков, Украина
Харков, Украина

Нерӯҳои Украина рӯзи 9-уми феврал гуфтанд, аз 16 дрон ё ҳавопайоми бесарнишине, ки Русия ба вилоятҳои Миколаев, Херсон ва Харков сар дод, даҳтои онро аз байн бурданд.

Александр Прокудин, волии Херсон, дар Телеграм навишт, ки ду нафар кушта шуд.

Волии Харков хабар дод, ки як нафар захмӣ шудааст.

"Маъмурони наҷот сӯхторро дар як меҳмонхона хомӯш карданд,” -- навишт ӯ.

Чанд бинои истиқоматӣ, маҷмааи фароғатӣ ва ошхона низ осеб дидааст.

XS
SM
MD
LG