Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳои Бошқирдистон 34 касро дастгир кардаанд


Дар Бошқирдистони Русия дастикам 34 кас ба иттиҳоми иштирок дар эътирозҳо ба тарафдорӣ аз фаъоли зиндонӣ Фаил Алсинов боздошт шудаанд.

Ҳамаи онҳоро ба "иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ" айбдор мекунанд. Чаҳор нафар ба ташкили бетартибиҳо низ гумонбар ҳастанд. 13 тани дигар бар илова ба истифодаи хушунат нисбат ба намояндаи давлат муттаҳам шудаанд.

Дар майдони марказии шаҳри Уфаи Бошқирдистони Русия рӯзи 19-уми январ теъдоде аз сокинон гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Нашрияи SotaVision менависад, теъдоди гирдиҳамомадагон ба 1,5 ҳазор мерасид.

Инҳо асосан тарафдорони фаъоли маҳаллӣ Фаил Алсинов буданд, ки рӯзи 17-уми январ ба 4 сол зиндон маҳкум шуд. Дар рӯзи эълони ҳукми Алсинов низ гирдиҳамоӣ ташкил ва бо пулис занозанӣ сурат гирифт.

Тафтишот мегӯяд, Алсинов дар як суханрониаш рӯзи 28-уми апрели соли 2023 дар ноҳияи Баймак шаъну шарафи "сокинон Қафқоз", "Осиёи Марказӣ" ва "арманиҳо"-ро паст задааст. Алсинов ин айбро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG