Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

TI: Қирғизистон ба як режими худкома табдил ёфтааст


Шаффофияти Байнулмилал ё Транспаренси Интернешнл раддабандӣ ё гузориши нави худро дар бораи фасоду ришвахорӣ дар кишварҳои ҷаҳон нашр кардааст.

Муаллифони гузориши созмони Шаффофияти Байнулмилал гуфтаанд, раҳбарони минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бояд волоияти қонун, ҳуқуқ ва демократияро мустаҳкам кунанд, баръакс, онҳоро пайваста ҳадаф мегиранд.

Дар Шохиси дарки фасод имсол аз вазъи бади Қирғизистон гуфтаанд, ки дар радаҳои баландтар буд. Қирғизистон имсол 26 имтиёз дорад, ки мақоми хубе ба ҳисоб намеравад.

Муаллифони шохис гуфтаанд, Қирғизистон, ки як сангари демократия бо ҷомеаи мадании пурҷунбуҷӯш дар Осиёи Марказӣ буд, “ба як режими худкомае табдил ёфтааст, ки бо истифода аз низоми додгоҳӣ, мунтақидонашро ҳадаф мегирад.” Қирғизистон аз соли 2020-ум то имсол дар ин шохис 5 имтиёзашро аз даст додааст.

Баръакси кишварҳои дигари минтақа Узбекистон ҳоло соҳиби 33 имтиёз аст дар ҷойгоҳи 121 (ду зина беҳтар аз соли 2022), ки баёнгари беҳтар шудани мубориза бо ришвахорӣ дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG