Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон ду вайнерро бо айби тарғиби хушунати хонаводагӣ ҳабс карданд. ВИДЕО


Дар Узбекистон вайнерҳоеро, ки дар бораи тарғиби хушунати хонаводагӣ навор сабт карданд, 15-рӯзӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд.

Вайнер - шахсест, ки бо сабти наворҳои кӯтоҳи видеоӣ, дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ мазҳакавӣ як мавзӯи хурдеро боз мекунад.

Додгоҳи ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 27 январ парвандаи ду вайнерро - онҳое, ки наворҳои кутоҳ, бештари маврид дорои ҳазл, сабт ва пахш мекунанд - бо айби тарғиби хушунати хонаводагӣ ҳабс кардааст.

Дар наворе, ки онҳо нашр кард, зане баъди латту кӯби шавҳар ба хонаи волидон меояд, аммо падар духтарашро дубора ба хонаи шавҳар мефиристад.

Мақомоти додгоҳии Узбекистон дар ин навор тарғиби хушунати хонаводагиро дидааст.

Баъди вокунишҳои ҷомеа муаллифони навор аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ узр хостанд ва ваъда карданд, ки дигар чунин навор сабт нахоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG