Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Исроил гуфтааст, дар Хон Юнус 11 ҷангҷӯро куштанд


Артиши Исроил рӯзи 27-уми январ гуфт, дар 24 соати охир дастикам 11 ҷангҷӯро дар шаҳри Хон Юнуси Навори Ғазза куштаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерс" аз қавли артиши Исроил, ин ҷангҷӯён дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавопаймоҳо ва тонкҳои он кишвар кушта шуданд.

Дар изҳороти артиш гуфта мешавад, ки иддае аз ҷангҷӯён саъй доштанд дар наздикии нерӯҳои исроилӣ маводи тарканда бигузоранд ва бархе ба сӯи сарбозон тир кушодаанд.

Пас аз он ки гурӯҳи тундрави "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ба Исроил ҳамла карду ҳудуди 1200 нафарро кушт ва беш аз 240 нафарро гаравгон гирифт, Телавив ҳамлаҳои худро ба Ғазза оғоз кард.

Аз он замон то ҳоло, ба иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати гурӯҳи “Ҳамос” аст, беш аз 26 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG