Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани ҳомии ҳуқуқ дар зиндони Эвин сактаи қалбӣ шудааст


Rahela Rahmipour, civil activist
Rahela Rahmipour, civil activist

Роҳила Раҳимӣ, як ҳомии ҳуқуқ, дар зиндони Эвини Теҳрон дар пайи сактаи қалбӣ ба бемористон бурда шудааст.

Наргис Муҳаммадӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, дар ин бора хабар дод.

Ӯ рӯзи 25-уми январ дар Инстаграм навишт, "Раҳимӣ яке аз чаҳор маҳбуси бахши занонаи зиндони Эвин аст, ки синнашон аз 70 болост".

"Аз чанд беморӣ, аз ҷумла омос (варам)-и мағзи сар ранҷ мекашад, вале дар маҳбас аст," – афзуд Наргис Муҳаммадӣ. Худаш низ дар зиндони Эвин аст.

Ин хабар дар ҳоле пахш шуд, ки занони зиндонӣ ба нишони эътироз алайҳи эъдомҳои охир дар Эрон ба гуруснанишинӣ омода мешаванд.

Наргис Муҳаммадӣ гуфт, Роҳила Раҳимӣ пас аз эъдом (қатл)-и бародараш дар солҳои 1980 зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG