Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як афсар. Мақомот: “Фишори мағзӣ”. Падараш: “Шикоят надошт”


Як афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шаби 23-юми январ дар бемористони Исфара ҷон додааст.

Бузургмеҳр Умаров 29 сол дошт.

Мақомот сабаби марги ӯро ба волидонаш "фишори мағзӣ" гуфтаанд.

Падараш, Тӯйчибой Умаров, рӯзи 24-уми январ гуфт, "Бузургмеҳр аз саломатӣ шикоят надошт", аммо ҳамзамон ба ташхиси ҷасади ӯ иҷоза надод.

"Рӯзи 17-уми январ писарамро ба бемористони Исфара оварданд. Ҳамагӣ ду бор ӯро дидам. Аз саломатияш шикоят надошт, хуб гап мезад. Имрӯз хабар доданд, ки фавтидааст. Гуфтанд, ки барои ташхис бояд баданашро чок кунанд, розӣ нашудам," – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ аз қазия хабар дод, ки Бузургмеҳр Умаровро дар бемористон дид ва "як тарафи рӯяш доғи сиёҳ дошт".

Мақомот расман дар ин бора шарҳе надодаанд.

Бузургмеҳр Умаров аз шаҳри Панҷакент ҳашт сол боз дар сафи Нерӯҳои марзбонии вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кору хидмат мекард ва то рутбаи афсари калон (капитан) расида буд.

Тӯйчибой Умаров мегӯяд, чор фарзанд дошт ва шаш моҳ пеш як писари дигараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия фавтид.

XS
SM
MD
LG