Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 60 нафар дар як рӯз дар Беларус


Беларус, акс аз бойгонӣ
Беларус, акс аз бойгонӣ

Мақомоти қудратии Беларус дар як рӯз дастикам 60 нафарро дастгир кардаанд.

Баъзеи онҳо наздикони маҳбусони сиёсӣ ва бархеи дигар зиндониёни пешини сиёсӣ ҳастанд.

Дар ин бора созмони ҳомии ҳуқуқи "Вясна" хабар дод

Дар миёни боздоштшудаҳо Борис Хамайдаи 76-сола, фаъоли демократӣ аз Витебски Беларус низ ҳаст.

Ӯро дар тобистони соли 2023 барои дар шиносномааш насб кардани рамзи "Погоня" 15 рӯз ҳабс карда буданд.

Ба навиштаи "Вясна", Марина Адамович – ҳамсари сиёсатмадор Николай Статкевич низ боздошт шудааст. Статкевич дар моҳи декабри соли 2021 ба 14 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Боздоштшудаҳои охирро дар Беларус ба "сармоягузории фаъолияти экстремистӣ" ва "иштирок дар созмонҳои ифротгаро" гумонбар мекунанд.

Боздошти бархе дигар ба тарҳи INeedHelpBY рабт дорад. Тарҳи мазкур ба онҳое хӯрок дастрас мекунад, ки аз таъқибҳои сиёсӣ зиён дидаанд ва дар ҳолати бади молӣ ҳастанд.

Ба иттилои "Вясна", то 23-юми январи имсол дар Белорус 1415 кас ҳамчун маҳсуби сиёсӣ эътироф шудааст.

XS
SM
MD
LG