Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамае дар Русия 7 узбекистонӣ ҷон бохтааст


Ҳафт нафаре, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Нижний Ломови вилояти Пензаи Русия ҷон бохтанд, шаҳрвандонги Узбекистон будаанд.

Дар ин бора додситони Нижний Ломов Андрей Ярош иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, ронандаи 42-солаи мошини “JAC” ҳангоми ҳаракат ба сӯи Маскав, дар ҳудуди Нижний Ломов ба самти муқобил баромада, бо мошини боркаши “Volvo” бархӯрдааст. Дар натиҷа 7 мусофири “JAC” ҷон бохта, ду тани дигар захмӣ шудааст.

Хабаргузории “РИА Новости” хабар дода, ки “JAC” рақамҳои қайди давлатии Узбекистонро дорад.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди “Хидматрасоние, ки ба талаботи бехатарии ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон чавобгӯ нест ва дар натиҷаи беэҳтиётӣ боиси марги беш аз ду нафар гардидааст”, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG