Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, як маркази фармондеҳии Русияро маҳв кард


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Фармондеҳони украинӣ рӯзи 6-уми январ гуфтанд, шаби гузашта як маркази фармондеҳии Русияро дар пойгоҳи ҳавоии Саки дар нимҷазираи ишғолии Қрим нобуд кардаанд.

Микола Олешчук, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Украина дар Телеграм навишт, “тамоми ҳадафҳо маҳв карда шуд” ва “Русия як маркази дигари фармондеҳиро дар Қрим аз даст дод”. Рӯзе пештар аз ин иддао, Украина гуфт, гуфт, дар ҳамлаҳои ҷудогона ба як посгоҳи фармондеҳӣ ва як воҳиди низомӣ дар Қрим ба системаи дифоии Русия “садамаи ҷиддӣ” задааст.

Низомиёни Русия рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки дар фазои Қрим чаҳор мушаки Украинаро сарнагун карданд. Тасдиқи гузоришҳо аз ҳарду тараф ғайриимкон аст. Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина, нерӯҳои ин кишвар чандин дафъа ба воҳидҳову иншооти низомии Русия дар нимҷазираи Қрим зарба задаанд, ки онро Русия соли 2014 ба қаламраваш ҳамроҳ кард.

XS
SM
MD
LG