Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гумонбари дигарро дар Олмон дастгир кардаанд


Калисои Кёлн, рӯзи 24-уми декабри соли 2023
Калисои Кёлн, рӯзи 24-уми декабри соли 2023

Пулиси Олмон рӯзи 1-уми январ дар пайванд ба ҳамлаи эҳтимолии террористӣ дар калисои Кёлн як гумонбари дигарро дастгир кард.

Ин мард 41-сола ва соҳиби шаҳрвандии Олмону Туркия будааст.

Ба ин тартиб, дар як ҳафтаи охир дар Олмон панҷ гумонбарро ба тундгароӣ дастгир карданд.

Се нафар рӯзи 31-уми декабри соли 2023 дар ғарби Олмон ба даст афтодаанд. Пулис гуфт, онҳо 25, 30 ва 38-сола ва "тоҷику узбек" ҳастанд, аммо ному насабашонро фош накард.

Аз он пеш, дар остонаи Иди Крисмас як зодаи 30-солаи Тоҷикистонро ба ҳабс гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG