Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду наврас дар Қирғизистон ба узвият дар ДОИШ муттаҳам шуданд


Маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар вилояти Ҷалолобод ду навраси 16-соларо бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт кардаанд.

Дар иттилоияи кумита, ки 28 декабр нашр шуд, гуфта мешавад, ин наврасон 25 декабр боздошт шуда, ба узвият дар шохаи "Хуросон"-и гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” гумонбар ҳастанд.

Ба иттилои кумита, боздоштшудаҳо мехостанд, дар вилояти Ҷалолобод ҳамлаи террористиеро анҷом диҳанд.

Аз телефонҳои онҳо далелҳои омодагӣ ба ҳамла, аз ҷумла нақшаи анҷоми амали террористӣ, мукотиба бо аъзои дигари гуруҳи тундрав пайдо карда шудааст.

Зидди гумонбарон бо банди "терроризм" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG