Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латвия мошинҳои мусодирашуда аз ронандагони мастро ба Украина дод


Мақомоти Латвия миёнаҳои моҳи декабр 271 мошинеро, ки аз ронандагони маст мусодира шуда буданд, ба Украина додааст.

Расонаи "Delfi" навиштааст, ки арзиши умумии мошинҳо тақрибан як миллион евроро ташкил медиҳад.

Порлумони Латвия қонун дар бораи додани мошинҳои мусодирашуда аз ронандагони мастро ба Украина моҳи феврали имсол қабул кард. Қарори мусодираи мошинҳоро ҳукумати Латвия содир кардаааст.

Ба иттилои Хадамоти даромадҳои давлатии Латвия, дар ҳоли ҳозир ҳукумати ин кишвар мусодираи 34 мошини дигарро баррасӣ дорад.

Қаблан сарвазири пешин ва вазири умури хориҷии кунунии Латвия гуфта буд, дар кишвараш тамоми ҷомеа, "ҳатто онҳое, ки дар ҳолати мастӣ мошин меронанд", Украинаро дастгирӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ба Украина танҳо мошинҳои мусодирашудае дода мешавад, ки метавонанд ба он кишвар кумак расонанд.

XS
SM
MD
LG