Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон гуфт, тоҷирон аз моҳи оянда сабукиҳои иҷораро эҳсос мекунанд


Тазоҳуроти соҳибкорони як аз бозорҳои Бишкек.
Тазоҳуроти соҳибкорони як аз бозорҳои Бишкек.

Олтинбек Абдувапов, раиси Хадамоти андози Қирғизистон гуфт, тоҷирони бозорҳо кам шудани ҳаққи иҷораи дӯконҳои худро аз моҳи оянда ҳис хоҳанд кард. Дар ин бора вай рӯзи 14 декабр дар шаҳри Бишкек хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 12 декабр хабар дода буд, нархи иҷора барои тоҷирони бозорҳои вилояти Чӯйи он кишвар аз 20% то 35% поин бурда шудааст.

Ба иттилои кумита, нархи иҷора дар бозори шаҳрҳои Токмаку Кара-Балтӣ 30%, дар бозорҳои шаҳри Кемин 20% ва дар бозорҳои ноҳияи Жайили Чӯй 35% арзон гаштааст.

Дар Чӯйи дар умум 38 бозор фаъолият мекунад. Кумита видеое нашр кардааст, ки дар он раҳбарони бозорҳо аз поин бурдани нархи иҷора хабар дода, ҷонибдории худро аз сиёсати андози ҳукумати Қирғизистон баён мекунанд.

Тоҷирони бозорҳои Қирғизистон аз 29 ноябр то 6 декабр бо талаби идома ёфтани фаъолияташон бар асоси патент тазоҳурот карданд. Онҳо гуфтанд, истифода аз дастгоҳҳои назоратии кассавӣ барояшон зараровар аст.

Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли гузашта лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG