Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресси ИМА буҷаи рекордии $886 млрд-ро барои мудофиа тасдиқ кард


Сенати Конгресси ИМА тарҳи қонун дар бораи сиёсати мудофиаро тасдиқ кард, ки ҷудосозии буҷаи рекордии 886 млрд доллариро барои мудофиаи миллии ИМА дар соли ҷории молӣ пешбинӣ мекунад. Соли молӣ дар ИМА 1 октябр шуруъ шудааст.

Буҷаи тасдиқшуда тақрибан 3 дарсад бештар аз соли пешин аст.

Дар тарҳи мазкур афзоиши маоши низомиён дар ҳаҷми 5,2 дарсад пешбинӣ шудааст.

Аз тарҳи мазкур ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон истиқбол кардаанд.

Баъд аз имзои президенти ИМА Ҷо Байден буҷаи мазкур мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.

Миёни харҷҳои дигар дар тарҳи мазкур - хариди киштиҳои нав, таслиҳот, ҳавопаймоҳо, инчунин кумак ба Украина ҷо дорад.

XS
SM
MD
LG