Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш соат ҳамлаи Русия бо дрон ба ҷануби Украина


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия рӯзи 14-уми декабр бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ҷануби Украина ҳамла кардааст.

Нерӯҳои Украина мегӯянд, ки ҳуҷум шаш соат идома кард.

Камаш 11 нафар, аз ҷумла се кӯдак, захмӣ шуда, зербунёдҳои ғайринизомӣ дар вилояти Одесса зарар дидаанд.

Волии Одесса гуфт, ба ду анбори ғалла дар бандари Измайли Дунай осеб расид.

Гуфта мешавад, нерӯҳои дифои ҳавоии Украина 39 дронро дар фазои вилоятҳои Херсон, Николаев ва Одесса нобуд карданд.

XS
SM
MD
LG