Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон як низомӣ "аз беэҳтиётӣ" фавтидааст


Хадамоти марзбонии Қирғизистон 7-уми декабр хабар дод, ки дар вилояти Уши он кишвар як низомӣ "дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо силоҳ" фавтидааст. Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 7-уми декабр рух додааст.

"Ба маълумоти ибтидоӣ, сарбози қаторӣ Э.Р., соли таваллудаш 2005, аз силоҳи навъи АК-74 нохудогоҳ тир кушодааст. Сарфи назар аз ҳамаи талошҳои тиббӣ низомӣ дар ҷои ҳодиса фавтид", - хабар додааст хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ниҳоди мазкур афзудааст, ки тафтишот дар ҷойи ҳодиса идома дорад.

Модари сарбози фавтида Нааргул Эргешова аз президенти он кишвар Содир Ҷабборов хостааст, ки амнияти сарбозонро таҳти назорат гирад. Эргешова гуфтааст, Руслан Эрменбоев яке аз ҳафт писари вай аст, ки моҳи сентябри имсол ба хидмат даъват шуда буд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти мудофиаи Қирғизистон аз марги сарбозон "дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо аслиҳа" хабар медиҳанд. Моҳи июли соли ҷорӣ дар вилояти Бодканди он кишвар як сарбоз фавтид ва мақомот марги "муносибати беэҳтиётона бо силоҳ" номиданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, танҳо аз даҳ як ҳолати марги сарбозон то баррасии додгоҳӣ мерасад. Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, дар бештари мавридҳо сабабҳои марги сарбозон муайян карда намешавад.

XS
SM
MD
LG