Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мемориал" Алсу Курмашеваро зиндонии сиёсӣ эътироф кард


Тарҳи ҳомии ҳуқуқи "Ҳимояти зиндониёни сиёсӣ. Мемориал" рӯзноманигори бахши тотору бошқирди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро маҳбуси сиёсӣ эътироф кард.

Қурмашева, ки шаҳрвандии ИМА ва Русияро дорад, аз охири моҳи октябри соли ҷорӣ бо айби вайрон кардани қонуни "агенти хориҷӣ" дар боздоштгоҳи Қазон нигаҳдорӣ мешавад.

Рӯзноманигорро дар он айбдор мекунанд, ки ба мақомоти Русия барои шомил шуданаш ба феҳристи "агентҳои хориҷӣ" санад пешниҳод накардааст. Дар Русия ин нахустин чунин парванда аст, ки зидди рӯзноманигор боз кардаанд.

Сергей Давидис, роҳбари "Ҳимояти зиндониёни сиёсӣ. Мемориал" гуфт, ба он хотир Қурмашеваро маҳбуси сиёсӣ унвон кардаанд, ки таъқиби ҷиноӣ ва ҳабси ӯро дар робита ба масъулияти довталабона худро "агенти хориҷӣ" унвон кардан ғайриқонунӣ медонанд.

Ин "ба намоиш гузоштани тамоюлҳои авторитарӣ ва ҳатто тоталитарӣ аст, ки дар бисёре аз мавридҳо ҳоло дар Русия мешоҳида мешаванд" бовар доранд дар "Мемориал".

Алсу 25 сол аст дар бахши тотору бошқирди Радиои Озодӣ кор мекунад ва шиносномаҳои Русияву Амрикоро дорад. Моҳи май ӯ барои аёдати модари бемораш ба Қазон рафт ва дар бозгашт дар ибтидои моҳи июн дар фурудгоҳи Қазон боздошт шуд.

Додгоҳе дар Қазон рӯзи 23 октябр қарор кард Қурмашеваро то 5 декабр дар боздошт нигоҳ дорад. Кремлин ҳама гуна дахолаташ дар ин қазияро рад кардааст. ИМА мегӯяд, ки ин боз як мавриди дигари аз ҷониби ҳукумати Русия озор дидани шаҳрванди Амрико мебошад. То ҳол ба консулгарии Амрико иҷозаи дидор бо Қурмашева дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG