Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон буҷаи соли 2024-ро тасдиқ кард. Бар асоси тарҳи қонун, ки рӯзи 15 ноябр тасдиқ шуд, даромади буҷаи соли оянда 43 миллиард сомонӣ (қариб 3,9 млрд доллар) муқаррар шудааст. Дар қиёс ба имсол, даромади буҷа дар соли оянда 5,9 миллиард сомонӣ ё 15,9 дарсад зиёд пешбинӣ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд, ки соли оянда иқтисоди Тоҷикистон 8 дарсад рушд хоҳад кард. Хароҷоти буҷаи соли оянда бар асоси тарҳи қабулкардаи порлумон, 44,1 миллиард сомонӣ (ҳудуди 4 миллиард доллар) пешбинӣ шудааст. Касри буҷа ё барзиёд будани хароҷот бар даромад дар буҷаи соли оянда Тоҷикистон 1,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Маълум нест, ки мақомот ин камомадро аз кадом ҳисоб руйпӯш мекунанд. Қонуни буҷа расман нашр нашудааст ва хабарнигорони Радиои Озодӣ бархилофи солҳои гузашта, имсол дар вақти қабули қонуни буҷа дар порлумон ҳузур надоштанд.
Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби андоз ва пардохтҳои гумрукӣ пур мешавад. Ба ин хотир иқтисодшиносон пешбинӣ кардаанд, ки зиёд кардани буҷа бояд санҷидашуда бошад, чун он метавонад сарбориро болои андозсупорандагон зиёд кунад.
Ба иттилои мақомот, буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон хусусияти иҷтимоии худро ҳифз мекунад ва 43 дарсади он ба ин самт равона мешавад.