Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия талаб доранд барои муҳоҷирон маҳдудияти нав ҷорӣ шавад


Муовини раиси Думаи давлатии Русия Петр Толстой гуфтааст, муҳоҷирони кишварҳое, ки дар онҳо забони русӣ мақоми давлатӣ надорад, бояд аз ҳаққи кор ба ҳайси фурӯшанда, ронандаи таксӣ ва боркашон маҳрум карда шавад.

Ин пешниҳоди Петр Толстой 14-уми ноябр зимни ҷаласаи порлумоние, ки дар он роҳҳои ҳифз, ҳимоят ва рушди забони русӣ баррасӣ мешавад, садо додааст.

Муовини раиси Думаи давлатӣ ошкоро гуфтааст, дар кишварҳои пасошарӯвӣ забони англисиро фаъолона меомӯзанд ва ҳамчунин забонҳои миллиро рушд медиҳанд. Ба гуфтаи Толстой, Русия бояд ба ин корҳо "посух" диҳад.

Забони русӣ дар Белорус мақоми давлатӣ, дар Қазоқистон ва Қирғизистон мақоми расмӣ ва дар Тоҷикистон ҳамчун забони гуфтугӯии байни миллатҳо эътироф шудааст.

XS
SM
MD
LG