Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинокорони узбекистонӣ роҳи оҳани “Ҳайратон-Мазори Шариф”-ро таъмир мекунанд


Роҳи оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф
Роҳи оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф

Ширкатҳои роҳи оҳани Узбекистон ва Афғонистон дар бораи таъмири қитъаи роҳи оҳани “Ҳайратон - Найобод - Мазори Шариф” ба созиш расиданд.

Ширкати “Роҳи оҳани Узбекистон” хабар додааст, ки ин созиш 8 ноябр дар мулоқоти раиси ширкат Зуфар Нарзуллоев бо ҳамтои афғонистонияш Бахт-ар-Раҳмон Шарофат ҳосил шудааст. Ҷонибҳо ба оғози зудтари корҳои сохтмонӣ таъкид кардаанд.

Ҷониби Афғонистон ширкати узбекистонӣ даъват кардааст, ки қитъаи харобшудаи роҳро “бо харҷи камтарин ва дар муддати кӯтоҳ таъмир кунад”.

Зуфар Нарзуллоев ваъда дода, ки онро бо 50 дарсад тахфиф таъмир хоҳанд кард.

“Роҳи оҳани Узбекистон” сохтмони роҳи оҳан аз Ҳайратон то Мазори Шарифи Афғонистонро моҳи ноябри соли 2010 ба поён расонда буд. Дарозии он 75 километр буда, арзиши лоиҳа 129 миллион долларро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG