Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон аз шаҳрвандонаш дар Исроил хост, худро номнавис кунанд


Сафорати Узбекистон дар Исроил аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ки фавран худро дар консулгарӣ номнавис кунанд.

Сафорати Узбекистон дар Исроил аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ки фавран худро дар консулгарӣ номнавис кунанд.

"Сабти ном барои расондани ёрии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода муҳим аст", - хабар дод манбаъ.

Ба ҷуз ин, масъулони сафорат аз шаҳрвандони Узбекистон хостаанд, дар бораи тағйири ҷойи зисти худ низ онҳоро огоҳ кунанд.

Ба иттилои расмӣ, ҳоло дар Исроил наздик ба 10 ҳазор шаҳрванди Узбекистон кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG