Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон як тарҳи баҳсбарангезро қабул кард


Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 25-уми октябр тағйиру иловаҳоро ба қонун "Дар бораи созмонҳои ғайритиҷорӣ" ва Кодекси ҷиноӣ қабул карданд. Дар миёни мардум ин тағйирот ба номи “қонун дар бораи намояндагони хориҷӣ" машҳур аст.

Порлумони Қирғизистон як тарҳи баҳсбарангезро қабул кард

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 25-уми октябр тағйиру иловаҳоро ба қонун "Дар бораи созмонҳои ғайритиҷорӣ" ва Кодекси ҷиноӣ қабул карданд. Дар миёни мардум ин тағйирот ба номи “қонун дар бораи намояндагони хориҷӣ" машҳур аст.

Раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев ҳангоми баррасии тарҳ гуфт, дар мулоқот бо ҳайатҳои хориҷӣ "шарҳ додааст, ки тарҳи мазкур барои созмонҳои ғайридавлатӣ хатаре надорад".

"Маҳдудияте, фишоре нест, танҳо талаби ҳисобот додан ҳаст. Набояд тарсид. Амнияти кишвар дар ҷои аввал меистад", - гуфт раиси порлумони Қирғизистон.

Баъзе аз вакилон шакку гумонҳои худро дар мавриди тарҳи мазкур баён карданд.

Гуля Кожоқулова, вакили порлумон, зидди таъйини ҷазои ҷиноӣ барои иштирок дар фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ баромад кард. Вай гуфт, ин тарҳ аз ташхис нагузаштааст.

Эрулан Кокулов, вакили дигари порлумон аз раис пурсид, ки дар сурате ки вай муаллифи тарҳ нест, чаро бо ҳайатҳои хориҷӣ мулоқот ва тарҳи мазкурро баррасӣ мекунад.

Дар ниҳоят вакилон бо 52 раъйи мусбат ва 7 раъйи мухолиф тарҳи тағйиру иловаҳоро қабул карданд.

Тарҳи мазкурро Нодира Норматова, вакили порлумони Қирғизистон соли 2022 таҳия кардааст. Бино ба ин тарҳ, созмонҳои ғайритиҷорӣ, ки аз хориҷи кишвар сармоягузорӣ мешаванд ва фаъолияти сиёсӣ анҷом медиҳанд, "намояндаи хориҷӣ" эътироф хоҳанд шуд.

Ин созмонҳо вазифадор мешаванд, ки дар бораи фаъолияти худ ба мақомот ҳисоботи иловагӣ диҳанд ва ҳар замон фаъолияташон тафтиш шавад. Барои риоя накардани меъёрҳои ин тағйирот созмонҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми аз 50 то 100 ҳазор сом ҷарима ва ё роҳбарони онҳо то 5 сол зиндон мешаванд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон мегӯянд, ин тағйиру иловаҳо "хилофи Конститутсия ва санадҳои байналхалқӣ" ҳастанд.

Ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон ва созмонҳои байналхалқӣ борҳо аз мақомоти Қирғизистон даъват карданд, ки тағйироти мазкурро қабул накунанд.

XS
SM
MD
LG