Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмаато боздошти фаъолон идома дорад


Маъмурони пулиси ноҳияи Алатауи шаҳри Алмаато фаъоли маданӣ Марат Мусинро, ки ба хотири ҳамраъйӣ бо Нозим Табилдиеви муттаҳам ба "паҳн кардани маълумоти дурӯғ" ба назди додгоҳи ноҳиявӣ рафта буд, боздошт карданд.

Марат Мусин ҳангоми берун шудан аз бинои додгоҳ боздошт ва ба шуъбаи пулиси ноҳия бурда шудааст. Маъмурони пулис гуфтаанд, Мусинро дастгир накардаанд ва танҳо мехоҳанд, бо ӯ "суҳбат" кунанд.

Яке аз маъмурони пулис гуфтааст, Марат Мусин дар таҷаммуе иштирок карда буд, вале дақиқ нагуфтааст, ки кадом таҷаммуъро дар назар дорад.

Мусин гуфт, эҳтимол ӯро барои он боздошт карданд, ки 19-уми сентябр ба назди бинои додгоҳ рафта буд, то дар баррасии парвандаи "ғасби фурудгоҳ" иштирок кунад. Он рӯз баррасии парванда онлайнӣ сурат гирифт ва фаъолонро ба толор роҳ надоданд. Як қисми онҳо бо ҷурми иштирок дар "ҷамъомади бе иҷозат" ҷарима шуданд.

Дар Алмаато як рӯз пеш фаъоли маданӣ Дархон Уалиев низ боздошт ва 15 шабонарӯз ҳабс шуда буд. Ӯ низ барои иштирок дар баррасии парвандаи "ғасби фурудгоҳ" ба назди бинои додгоҳ рафта буд.

XS
SM
MD
LG