Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руминия беш аз 130 сарбози худро ба Косово фиристод


Руминия рӯзи 14-уми октябр беш аз 130 сарбози худро ба Косово фиристод. Онҳо маъмурияти нерӯҳои ҳофизи сулҳи НАТО-Косоворо тақвият хоҳанд кард.

Дар оғози моҳи октябри имсол Бритониё низ 200 нерӯи худро ба Косово фиристода буд.

НАТО дар охири моҳи сентябри имсол гуфт, ки нерӯҳои ҳофизи сулҳи НАТО-Косоворо тақвият мекунад.

Ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки танишҳо миёни нерӯҳои амниятӣ ва сербҳо дар шимоли Косово афзоиш ёфтанд.

То ҳол маълум нест, ки чӣ қадар аз нерӯҳоро дар Косово ҷойгир хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG