Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори озод Виктория Рошина куҷо шуд?


Виктория Рошина
Виктория Рошина

Виктория Рошина, хабарнигори озоди украинӣ, ки бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт, бедарак шудааст. Вай тақрибан се моҳ пеш бо нияти сафар ба як минтақаи ишғолшудаи Украина аз тарафи Русия ба роҳ баромада буд.

International Women's Media Foundation, қароргоҳаш дар Вашингтон, аз қавли хонаводаи Рошина гуфт, ки аз сеюми август боз дар борааш хабар надоранд.

Владимир Рошин, падари Виктория Рошина, ба рӯзномаи The Daily Beast гуфтааст, духтараш рӯзи 27-уми июли имсол аз Украина ба Лаҳистон (Полша) рафт ва мебоист баъди се рӯз тавассути хоки Русия ба қаламравҳои ишғолшуда дар шарқи Украина бирасад.

Рошин афзудааст, бори охир бо духтараш рӯзи 3-юми август телефонӣ сӯҳбат дошт. Замоне ки Виктория гуфтааст, аз санҷиши марз гузашт, аммо макони дақиқи худро нагуфтааст.

Хонаводааш бори аввал рӯзи 12-уми августи имсол дар бораи гум шудани Виктория Рошина ба мақомоти Украина хабар доданд.

Светлана Ганнушкина, фаъоли собиқадори Русия, гуфт, дар бораи Рошина ба Омбудсмени Русия Татяна Москалкова дархост фиристод, аммо “барои гирифтани посух шояд беш аз як моҳ зарур шавад”.

Виктория Рошина аз аввал ҳуҷуми Русияро ба Украина бозтоб медод. Ӯ моҳи марти соли 2022 дар Бердянски ишғолшуда аз тарафи нерӯҳои ФСБ-и Русия боздошт ва баъд аз даҳ рӯз раҳо гардид. Он замон барандаи ҷоизаи International Women's Media Foundation шуд.

XS
SM
MD
LG