Баъди латту кӯб мудири мактаб осеби майнаи сар ва ҷароҳатҳои дигар бардоштааст.
Акси мудири латукӯбшудаи мактаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.
Ба нақли шоҳидон, Турсуноваро ҳамсари яке аз омӯзгорони мактаб латту кӯб кардааст. Ба иттилои Додситонии вилояти Сурхандарё, ҳамсари омӯзгор мудирро барои "беасос кам кардани соатҳои корӣ" латту кӯб кардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва гумонбар боздошт шудааст.
Охири моҳи июл дар як ҷаласа миёни Умеда Турсунова ва Улуғбек Қосимов - раиси вилояти Сурхандарё баҳс бархост. Раис гуфт, мудир аз уҳдаи иҷрои кор намебарояд ва бояд аз мақом барканор шавад. Турсунова, ҳангоме, ки ӯро аз толори ҷаласа иҷборан берун мекарданд, гуфт, "Ҳайфи чунин раиси вилоят".
Ҳамон рӯз додгоҳ мудири мактабро 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт. Ӯро дар майдаавбошӣ ва итоат накардан ба талаби қонунии корманди милиса айбдор карда буданд.