Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти қазоқ муҳоҷират ба Остонаро маҳдуд мекунанд


Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Остона ҳангоми баррасии лоиҳаи Нақшаи генералии пойтахти Қазоқистон то соли 2035, масъалаи шумори сокинони шаҳрро низ ба баҳс кашидааст.

Бино ба иттилои хабаргузории "Информбюро", шӯро аз ҷумла кӯч бастани сокинони минтақаҳои Қазоқистонро ба Остона бо мақсади дарёфти шароит барои зиндагии беҳтар, "ғайри қобили қабул номидааст.

"Аъзои шӯро аз мавқеи таҳиякунандагони Нақшаи генералӣ ҷонибдорӣ мекунанд: барои афзоиши аҳолӣ, бахусус аз ҳисоби равандҳои муҳоҷират талош кардан лозим нест. Ҳамаи минтақаҳои Қазоқистон бояд мутаносибан рушд ва тараққӣ кунанд. Аз кӯч бастани сокинон ба пойтахт бо мақсади зиндагии беҳтар пешгирӣ карда шавад", - иқтибос овардааст расона аз натиҷаи ҷаласаи шӯро.

Тибқи пешбиниҳо, шумори сокинони Остона то соли 2035 ба 2,3 миллион нафар мерасад. Дар ҳоли ҳозир ин шаҳр беш аз 1,3 миллион сокин дорад.

XS
SM
MD
LG