Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти блогери маъруфи узбек Олимҷон Ҳайдаров


Боздошти Олимҷон Ҳайдаров аз сӯи пулис дар Қуқанд.
Боздошти Олимҷон Ҳайдаров аз сӯи пулис дар Қуқанд.

Блогери маъруфи узбекистонӣ Олимҷон Ҳайдаров 29 июл дар шаҳри Қуқанди вилояти Фарғона боздошт ва худи он рӯз бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар ин бора бародари блогер Салимҷон Ҳайдаров дар суҳбат бо хабаргузории "Газетой.uz" иттилоъ додааст.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғона дар шарҳи боздошти блогер зикр карда, ки Ҳайдаров ба тамаъҷӯӣ аз раҳбарони маҷмааи савдои "Қӯқанд Истиқлол" муттаҳам мешавад. Гӯё ӯ бар ивази паҳн накардани матлаби танқидӣ 10 000 доллари ИМА талаб кардааст. Гуфта мешавад, вай аз ин маблағ 7500 долларашро гирифта ва ҳангоми гирифтани 2500 доллари боқӣ боздошт шудааст.

Бародари блогер иддаои пулисро рад мекунад. Ӯ гуфт, он рӯз кормандони пулис бародарашро боздошт карда, пулро ба мошинаш партофтанд ва сипас маҷбур карданд, ки "пулҳоро биқапад".

XS
SM
MD
LG