Низомиёни украинӣ имрӯз гуфтанд, ки нирӯҳои Русия шаби гузашта мавҷи нави ҳамлаҳоро бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо роҳандозӣ карданд, ки хисороти мулкӣ дар пай дошт.
Инчунин, ба қавли Киев, аз замони аз созиши содироти гандум берун шудани Маскав артиши Русия даҳҳо анбори гандумро нобуд кард.
Олеҳ Кипер, волии Одесса гуфт, дар паи ҳамлаи мушакӣ аз як киштии зериобии русӣ дар Баҳри Сиёҳ як муҳофиз кушта шуда, бандари боркашӣ хароб карда шуд.
Ҳамзамон Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Украина хабар дод, ки Русия ин навбат ҳам аз дронҳои “Шаҳид”-и истеҳсоли Эрон истифода карда боиси кушта шудани сокинони мулкӣ ва хароб шудани 26 сохтор дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ гардид. Паёмадҳои ин ҳамла таҳқиқ мешавад. Дар ҳамин ҳол муттафиқони Украина дар паймони НАТО қарори Маскавро барои тарки созиши содироти гандум маҳкум карда гуфтанд, ки Маскав махсус талош дорад, монеи содироти гандуми Украина шавад.