Дар Полша корхонае ба кор оғоз кардааст, ки тонкҳои навъи "Леопард"-ро таъмир мекунад. Ин тонкҳо ҳоло дар Украина алайҳи нерӯҳои Русия истифода мешаванд.
Мариуш Блашак, вазири дифои Полша гуфтааст, ки аллакай дар ин корхона ду тонки харобшуда аз Украина таъмир шудааст.
Тонкҳои "Леопард"-и сохти Олмон аз моҳи июн дар ҷанги муқобили Русия истифода мешаванд.
Русия борҳо эълон кардааст, ки ҳазорон таҷҳизоти ҷангии ғарбиро дар Украина нобуд кардааст. Украина ин иддаои Русияро беасос медонад. Мақомоти ин кишвар эълон кардаанд, ки бархе аз тонкҳои “Леопард” қисман хароб шудаанд ва бо таъмир онҳоро мешавад дубора ба майдони ҷанг сафарбар кард.