Дубора оғоз шудани гашти пулиси ахлоқ дар Эрон, ки либоспӯшии занонро назорат мекунад, норозигиҳо дар ин кишвар зиёд кардааст. Кори пулиси ахлоқ, пас аз марги Маҳсо Аминӣ дар моҳи сентябри соли 2022 боздошта шуд. Аминии 22-сола ба риоя накардани ҳиҷоб айбдор мешуд.
Рӯзҳои ахир дар саросари Эрон эътирозгарон гирди ҳам меоянд ва бархе аз онҳо фарёд мезананд, ки пулис барои занон қоидаҳои қатъии либоси мазҳабиро ҷорӣ мекунад. Ба ин хотир дар Эрон эътирозҳо ба иқдомҳои пулиси ахлоқ, ки ҳиҷобпӯшии занонро ба зурӣ таъмин мекунад авҷ мегирад. 15-уми июл Теҳрон шоҳиди як чунин эътироз шуд. Ҳангоми талоши пулис барои боздошти занони тазоҳургар издиҳом ба адолат даъват мекард.
"Ҷаҳон бояд бубинад, ки инҳо чи гуна одамони пастфират ҳастанд,"-дод мезад яке аз эътирозгарон. Дар наворҳо дида мешавад, ки миёни мардум ва кормандони пулис, ки либоси мулкӣ доштанд, занозанӣ сурат гирифт.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Эътирозҳои дастаҷамъӣ дар Эрон баъди ҳалокати як зан дар боздоштгоҳи пулис аз моҳи сентябри соли гузашта шурӯъ шуд . Маҳсо Аминӣ дастгир ва ба он айбдор гардид ки ҳиҷобаш дурӯст намепӯшад. Мақомот худро дар марги ӯ масъул намеҳисобанд.
Бо вуҷуди он, ки соли гузашта дар нооромиҳои Эрон дасти кам 500 нафар кушта ва даҳҳо ҳазор нафар дастгир шуданд,эътирозҳо ҳамоно идома доранд.