Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди комиссариат даҳ сол зиндонӣ шуд


Як прапоршики тоҷикро барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон ҷазо доданд. Рустам Мирсалимов, корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии Душанбе бо ҳукми додгоҳ даҳ сол аз озодӣ маҳрум шуд. Мақомот мегӯянд, Мирсалимов давраи адои ҷазоро дар маҳбаси низомаш пурзӯр гузаронда, баъд аз раҳоӣ аз маҳбас се сол ҳаққи ишғоли мансабро надорад.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 10-уми июл дар эъломияе гуфт, Рустам Мирсалимов аз моҳи июл то сентябри соли 2022 дар 9 маврид қаллобӣ кардааст. Ин иттилои расмист, назари худи ӯ ва ё вакили мудофеаш маълум нест.

Мақомот мегӯянд, ӯ дар умум ба 31 нафар беш аз 689 ҳазор сомонӣ, муодили зиёда аз 60 ҳазор доллар, зарар расонд. Аз ҷумла, ӯро барои фиреб додани кормандони як боғчаи кӯдакон дар Душанбе ва либоси низомӣ бар тану бо роҳи фиреб гирифтани 350 халта орд аз як соҳибкор гунаҳкор донистаанд.

Солҳои охир парвандаҳои вобаста ба қаллобӣ дар Тоҷикистон афзудааст. Баъзе аз гунаҳкорон бо ҷарима ва ҷуброни зарар аз боздошт раҳо шуда, дигарон ба зиндон андохта мешаванд.

Ин моддаро дар Тоҷикистон ба мисли банди вобаста ба ифротгароии Кодекси ҷиноӣ барои боздошту ҳабси намояндагони мухолифон ё шахсони номақбул барои ҳукумат низ истифода мекунанд. Иззат Амон, яке аз пуштибонҳои ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бо айни модда дастгиру зиндонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG