Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти афсари қирғиз бо гумони фурӯши силоҳ


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки дар як амалиёти муштарак бо Хадамоти амнияти дохилии Вазорати умури дохилии он кишвар як майори милиcаро дастгир кардааст.

Майор ҳангоми кӯшиши фурӯхтани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ дастгир шудааст.

Ба иттилои муфаттишон, гӯиё боздоштшуда пайваста бо фурӯши ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангие машғул будааст, ки дар солҳои кораш дар мақомоти умури дохилӣ ба даст оварда буд.

Дар кумита гуфтанд, ҳангоми бозҷӯии манзили зисти боздоштшуда даҳҳо силоҳ, тир ва норинҷаки ашковар дарёфт карданд.

XS
SM
MD
LG