Ҳавопаймои хатсайри Дубай-Душанбе рӯзи 27-уми июн дар шаҳри Кирмон нишасти изтирорӣ анҷом додааст. Расонаи эронии "Хабаронлайн" бо такя ба мудири Фурудгоҳҳои вилояти Кирмон навиштааст, сабаби фуруд омадани ҳавопаймо фишори хуни ду мусофир будааст.
"Рӯзи 27-уми июн соати 13:01, ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон бо 189 мусофир дархости фурудоии изтирорӣ дар фурудгоҳи Кирмонро кард. Ба гуфтаи халабон, мусофирон аз фишори хун шикоят карданд. Дар натиҷа, пас аз фуруд омадани ҳавопаймои Боинг 737-800 кормандони Маркази садамаҳои тиббӣ ва ёрии таъҷилӣ дар ин шаҳр ба беморон кӯмаки аввалия расонданд. Онҳо ду хоҳарон буданд,"-гуфтааст Алӣ Ҷезинизода дар шарҳи ин ҳодиса.
Ба иттилои манбаъ, пас аз дарёфти хадамоти заминӣ ва сӯзишворӣ, ҳавопаймои мазкур соати 14:19 аз Кирмон ба самти Душанбе, пойтахти Тоҷикистон парвоз кард.
Вилояти Кирмон дар шаҳрҳои Кирмон, Рафсанҷон, Сирҷон, Бом ва Ҷирофт панҷ фурудгоҳ дорад.