Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон то 10 дарсад дар иқтисоди Русия саҳм доранд


Муҳоҷирон аз фиреби корфармоён ҳамеша шикоят мекунанд. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон аз фиреби корфармоён ҳамеша шикоят мекунанд. Акс аз бойгонӣ

Саҳми муҳоҷирони корӣ дар рушди иқтисоди Русия аз 8 то 10 дарсадро ташкил медиҳад.

Иқтисодшиносон мегӯянд, ин саҳми муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Русия ҳисоб шудааст.

Нашрияи "Деловой Петербург" ин маълумотро дар як таҳлиле дар робита бо боло рафтани аҳамияти минтақаи Осиёи Марказӣ дар чашми Маскав дар пасманзари таҳримҳои ғарбу Аврупо баъди шурӯи ҷанги бедалели Русия дар Украина таъкид кардааст.

Иқтисодшиносони рус ҳисоб кардаанд, ки аз ҳисоби заҳматҳои муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳаҷми пулҳои интиқолӣ ба ватанашон аз 12 то 30 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG