Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як мусофир бо ҳероин дар Фурудгоҳи Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз як мусофири самти Душанбе-Деҳлӣ ду кило маводи мухаддири навъи ҳероин ёфтаанд.

Як манбаъ дар Фурудгоҳ бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса нисфирӯзии 18-уми май рӯй дод.

Ба гуфтаи манбаъ, Р. У., сокини 24-солаи шаҳри Душанбе, ин миқдор маводи мухаддирро дар бағоҷаш ҷой дода буд.

"Кормандони фурудгоҳ ҳангоми тафтиш ҳероинро мусодира карданд ва ин шахсро ба Идораи амнияти шаҳри Душанбе супурданд," – гуфт манбаъ.

Назари наздикони нафари боздоштшуда ба ҳодиса маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта беш аз ду тонна маводи мухаддир мусодира карданд. Ин миқдор маводи мухаддир, ба гуфтаи онҳо, аз Афғонистон интиқол меёфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG