Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирташро дар Амрико ба фасод гумонбар кардаанд


Дмитрий Фирташ. Акс аз соли 2019
Дмитрий Фирташ. Акс аз соли 2019

Хадамоти амнияти Украина рӯзи 15-уми май гуфт, ки сарватманди маъруф ва фирорӣ Дмитрий Фирташ аз тарафи Амрико ба коррупсия ва тасарруфи пул гумонбар аст. Ба иттилои манбаъ, ӯро ба ҷустуҷӯ додаанд.

Миқдори эҳтимолии зараре, ки Фирташ ва ширкаташ дар соҳаи гази Украина расондаанд, 484 миллион долларро ташкил медиҳад.

Фирташ замоне яке аз соҳибкорони наздик ба президенти собиқи Украина Виктор Янукович буд. Ҳоло дар Австрия ба сар мебарад.

Вай соли 2001-ум 75 дарсад саҳмияҳои корхонаи "Азот"-ро дар Тоҷикистон харид.

Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 созишномаи фурӯши саҳмияҳои "Азот"-ро ғайриқонунӣ эълон ва корхонаи азимро давлатӣ кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG